ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Мануш Чхиллар-донишҷӯи ҳиндӣ дар озмуни зебоии ҷаҳонӣ "Бонуи ҷаҳони соли 2017" пирӯз шуд.
Дар ин бора торномаи созмондиҳандагони озмун хабар медиҳад.
Чхиллар 20 сол дораду дар донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекунад. Ӯ бо забонҳои ҳиндӣ ва англисӣ озода сухан мегӯяду рақсҳои классикии ҳиндиро дӯст медорад. Мақоми дуюмро дар ин озмуни байнулмилалӣ-духтари мексикоӣ Андреа Мезе гирифту ҷои сеюм насиби зебосанами бритонӣ-Стефани Хилл шуд.Miss World 2017 Final Result!
— Miss World 2017 (@MissWorldTime) 18 ноября 2017 г.
Winner — INDIA, Manushi Chhillar
1st Runner Up — MEXICO, Andrea Meza
2nd Runner Up — ENGLAND, Stephanie Hill#MissWorld #MissWorldTime #MissWorld2017 #MW2017 #MissWorldSanya #Sanya #China #MissWorldChina pic.twitter.com/Vkqn4CodCK
Даври ниҳоии 67-умин озмуни ҷаҳонии зебоӣ дар шаҳри Саняи Чин баргузор шуд. Дар он зебосанамҳо аз 18 то 26 сола аз 118 кишвари дунё ширкат карданд.
Пештар хабар дода шуд, ки мудели тоҷик Анна Муъминова зеботарин духтари дунё шинохта шуд.
Дар баробарин тоҷикдухтар, Татяна Фомичова аз Маскав унвони "Муовини аввали зебосанами ҷаҳон-2017" ва Мария Демидова аз Новокузнетск унвони "Муовини дуюми зебосанами ҷаҳон-2017"-ро соҳиб шуд.
Бо гирифтани мақоми аввал Муъминова ба ҳайъати доварони озмуни "Зеботарини ҷаҳон-2018", ки моҳи сентябри соли 2018 дар яке аз зеботарин казиноҳои ҷаҳон Monte Carlo Las Vegas дар Лас Вегаси ИМА баргузор мешавад, ворид шуд.
Дар саҳифаи фейсбукии худ ин духтари тоҷик ба тарроҳ Умед Кучкалиев барои дӯхтани куртаи миллии ва ҳамаи онҳое, ки ӯро дар ин роҳ дастгирӣ карданд, изҳори сипос кардааст.