Дар Тоҷикистон тамриноти ҳарбие, ки дар он беш аз панҷ ҳазор сарбоз ширкат карда буд ба поён расид.
Дар ин размоиш беш аз 5 ҳазор сарбозу афсар аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат карда ва 60 ҳавопаймову чархбол, беш аз 1500 ҷангафзори сабуку сангин, аз ҷумла сомонаи мушакии "Искандар", бумбафканҳо ва паҳподҳо (ҳавопаймоҳои ҳидоятшаванда аз дур) ба кор бурда шуданд.