ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии вазорати хориҷаи ҶТ, рӯзи 15 ноябр дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия-Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шуд.
Ин ҷаласа бо ширкати меҳмонони расмӣ, олимону нависандагон, шоирон, намояндагони созмонҳои муҳоҷирии тоҷик аз минтақаҳои гуногуни Русия, устодону донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои шаҳри Москав ва дигар чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон, ки феълан дар қаламрави Русия кору фаъолият доранд, баргузор шуд.
Ба гузориши манбаъ, чорабинии мазкурро сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов оғоз намуда, қайд кард, ки маҳз ба туфайли қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди низоми нави давлатдории тоҷикон, заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуд.
Дар охир иштироккунандагони чорабинӣ дар бораи хидматҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати хориҷии кишвар ва зарурати ҳифзу таҳкими минбаъдаи арзишҳои миллӣ, инчунин боло бурдани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.