ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ ин сабқат рӯзи пагоҳ, 19 ноябр соати 14:00 дар Наврӯзгоҳи Душанбе баргузор мешавад.
Бо дастури шаҳрдорӣ, барои сабқати аспдавонӣ тақрибан 50 ҳазор сомонӣ аз буҷети Душанбе ҷудо шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин сабқат бо мақсади рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, фароҳам овардани имконоти фароғату истироҳати сокинони пойтахт, ташвиқу тарғиби пойгаи аспдавонӣ дар ҷумҳурӣ гузаронида хоҳад шуд.
Ба иттилоъи манбаъ ин сабқат ба муносибати "Рӯзи раисҷумҳур" гузаронида мешавад.
Соли дуюм аст, ки 16 ноябр дар асоси ислоҳи Қонуни ҶТ "Дар бораи рӯзҳои ид" "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҷлил мешавад.