ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати тандурустӣ рӯзи 15 ноябр дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон маросими расман ба истифода додани дастгоҳи ангиографӣ баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ки ин дастгоҳ пешрафтатарин ва муассиртарин василаи ташхиси бемориҳои қалб ва рагҳои хунгузар буда, ҳамзамон тариқи он амалиёти муоличавӣ низ гузаронида мешавад.
Дар расми баистифодадиҳии дастгоҳи ангиографӣ, ҳамзамон ду нафар беморони маҳаллӣ тариқи ройгон аз амалиёти ҷароҳии стенокардия бо мувафақият гузаронида шуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки дастгоҳи мазкур бо сарпарастӣ ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муассисаи тиббии кишвар насб гардонида шуд.
Дастгоҳи ангиографӣ барои ташхис ва табобати дурусти бемориҳои дил истифода шуда, чунин таҷҳизот дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 7 адад мебошад. Дастгоҳи ангиографӣ ҷиҳати найчагузорӣ ба шараёнҳои дил бе ҷароҳии анъанавӣ ва кушода хизмат мерасонад.
Мувофиқи нишондодҳои оморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 100 ҳазор аҳолӣ наздики 500 нафар мубталои бемориҳои ишемиявии дил буда, бароҳ мондани фаъолияти чунин таҷҳизоти муосири соҳавӣ ҷиҳати фаро гирифтани маризони дил ва рагҳои хунгузар ба табобати дуруст ва саривақтӣ имконоти васеъ фароҳам меоварад.