Об манбаи ҳаёт: шаш шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд

© REUTERS \ Shin Young-Geun/Yonhap Воробей пытается выпить воды из крана
Воробей пытается выпить воды из крана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корҳои барқарорсозӣ дар доираи ин лоиҳа дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара босуръат идома дошта, дар ин самт пешравиҳо ба назаррас мерасанд

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik.  Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон, дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби ошомиданӣ иштирок намуд.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Бӯстон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҷараёни пурраи татбиқи ин лоиҳа шинос шуда, ба фаъолияти шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстон оғози расмӣ бахшид. Гуфта мешавад,барқарорсозии иншооти мазкур дар асоси созишномаи сеҷонибаи Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Аврупоии таҷдид ва Рушд ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимоли Тоҷикисто" анҷом дода шуд.

Иброз гардид, ки барои татбиқи ин лоиҳа дар шаҳри Бӯстон 25 миллиону 532 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд, ки 13 миллиону 293 ҳазор сомониаш қарз ва 12 миллиону 240 ҳазор сомонии дигари онро грант ташкил медод.

Лоиҳа аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияи вилояти Суғдро дар бар мегирад.

 "То ба имрӯз дар асоси ин лоиҳа дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо харҷи 80 миллиону 659 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом пазируфта, сокинон бо оби ошомиданӣ таъмин гардидаанд",-гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.

Уборка урожая, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз ду моҳ: ба маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара об омад

Корҳои барқарорсозӣ дар доираи ин лоиҳа дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара босуръат идома дошта, дар ин самт пешравиҳо ба назаррас мерасанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи обтаъминкунӣ ба масъулин барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ва анҷоми босифати корҳо дастур дод.

Барқарорсозии Шабакаи обтаъминкунии шаҳри Бӯстон дар асоси қарордод бо паймонкории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Умед-1» бо сарфи 8 миллиону 418 ҳазор сомонӣ бо дарозии умумии хати магистралии обтаъминкунии дорои 13 ҳазору 600 метр анҷом дода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби ошомиданӣ барқарорсозии пойгоҳи обкашии кутали 2-юм ва хатҳои технологӣ, таъмири бинои хлоркунонӣ дар асоси қарордод бо паймонкории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ПМК-43» бо харҷи 7 миллиону 351 ҳазор сомонӣ бунёд гардид ва бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ таъмин карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0