ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар шаҳри Бӯстон бо ширкати кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи дорусозӣ ифтитоҳ ёфт.
Бино бар иттилои манбаъ, корхонаи тозатаъсиси дорусозӣ аз силсилаи коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои ғилофакбарорӣ (капсула), доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, банду басти дока ва пахтаҳои тиббӣ ва дар зарфҳо ҷой додани нӯшобаҳо аз мева иборат мебошад.
Дар ин ҷо ҳамчунин маркази омӯзишу таҳлили дорую маводи тиббӣ ва муаррифии гиёҳҳои шифобахши табиии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Дар шакли ғилофак (капсула) истеҳсол намудани доруворӣ дар корхонаи шаҳри Бӯстон нахустин таҷриба мебошад. Дар соҳаи доруворӣ дар шакли ғилофак истеҳсол намудани дору дар тиббӣ чаҳонӣ афзалият дорад ва ин коре, ки аз ҷониби мутахассисони корхона анҷом дода шуд, дастоварди нав маҳсуб меёбад. Яке аз афзалиятҳои муҳиме, ки дар ин корхона роҳандозӣ карда шудааст, тайёр кардани дору аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон аст.
Дар ин корхонаи тозатаъсиc таҳлилгоҳу анбори нигоҳдорӣ, ба зарфҳо рехтани нӯшобаҳо аз меваю гиёҳҳо, таъмизу нигоҳдорӣ, истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, банду басти дока ва пахтаҳои тиббӣ ташкил карда шудааст.
Гуфта мешавад, "Фарм Суғд" дар шаҳри Бӯстон аз корхонаҳои нахустини дорусозӣ ва маводи тиббӣ аз гиёҳҳои шифобахш аз иқдомҳои шоистаи соҳибкорони ватанӣ бо роҳбарии Диловар Қувватзода мебошад, ки бо харҷи беш аз 400 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 0,8 гектар бунёд ёфт.
"Корхонаи мазкур бар замми истеҳсоли маводи доруворӣ, ҳамчунин ба воридоту содирот, савдои яклухту чаканаи маводҳои доруворӣ, маводи тиббӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш машғул аст. Дар корхона беш аз 70 нафар ҷойи кори доимии баландмузд таъмин шудаанд",- омадааст дар гузориш.
Бо оғози фаъолияти ин корхонаи дорусозӣ ва маводи тиббӣ истеҳсоли зиёда аз 20 намуди маводи тиббӣ аз гиёҳҳои шифобахш, беш аз 20 навъу номгӯи нӯшобаю дамобаҳо, номгӯи зиёди бандинаҳои гуногунандозаи таъмизшуда ва таъмизнашуда, 3 номгӯй пахтаи тиббӣ, 4 намуд равғанҳои шифобахши тиббӣ, 2 намуд маҳлули спиртӣ, 3 намуд шарбатҳои махсуси шифоӣ, ҳамагӣ зиёда аз 60 намуд номгӯи маводи доруворию тиббӣ ба роҳ монда шуда, интиқолу фурӯши он ба осоишгоҳҳо ва дорухонаҳои вилояти Суғд роҳандозӣ мегардад.