"Шабе дур аз Ватан" дар ҷашнвораи байналмилалӣ ширкат мекунад

© Фото : Из личного архива Мохпайкар ЕровойМохпайкар Ерова, архивное фото
Мохпайкар Ерова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
20-27 ноябри соли 2017 дар шаҳри Владиқафқози Федератсияи Россия ҷашнвораи байналмилалии театрҳои миллӣ «Саҳна-бидуни сарҳад» баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 18  ноя — Sputnik. Бино бар иттило Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Дар фестивали мазкур аҳли ҳунари Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов бо роҳбарии директори театр, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Толиб Бобоев бо намоиши "Шабе дур аз Ватан" иштирок хоҳанд кард.

Намоиш аз зиндагии шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир нақл мекунад ва онро коргардон Нозим Меликов рӯи саҳна овардааст. Дар намоиш ҳунарпешагони театр Абдумӯъмин Шарифӣ ва Сӯҳроб Ҷанҷолов нақшофарӣ менамоянд.

"Шабе дур аз Ватан" ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2011" буда, дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Афғонистон, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия санъати театрии тоҷикро муаррифӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0