Муовини нахуствазир пас аз се моҳи кор барканор шуд

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мансабдор бо пешниҳоди нахуствазир Сафар Исҳоқов "ба далели ба кори дигар гузаштанаш" аз мақомаш барканор шудааст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Муовини нахуствазири Қирғизистон Дуйшенбек Зилалиев аз симаташ барканор шудааст.

"Раисҷумҳур Алмосбек Отамбоев фармонеро имзо кард, ки бар асоси он Дуйшенбек Зилалиев аз мақоми муовини нахуствазири Қирғизистон барканор шудааст", — омадааст дар хабар.

Зилалиев бо пешниҳоди нахуствазир "ба далели ба кори дигар гузаштанаш" вазифаашро тарк кардааст.

Аммо ӯ дар ин симат танҳо аз се моҳ кор кард. Дуйшенбек Зилалиев дар интихоботи раисҷумҳури Қирғизистон раҳбари ситоди интихоботи раёсатҷумҳурӣ буд ва дар охирҳои моҳи сентябр барои расман ҷонибдорӣ карданаш аз Сооронбек Ҷээнбеков танбеҳ шуда буд.

Зилалиев дар паи шикояти мухолифин аз раҳбарии ситоди интихоботи расётҷумҳурӣ низ барканор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0