Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2017 ду дарсад коҳиш ёфтааст

Обуна шудан
Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 10 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин муддат дар соли гузашта 2 дарсад коҳиш ёфта аст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз коҳиши дударсадии ҳаҷми тиҷорати хориҷии кишвар дар 10 моҳи гузашта хабар дод.

Ба гузориши ин ниҳод, ҳаҷми гардиши молӣ дар Тоҷикистон дар 10 моҳи соли 2017 беш аз 3 милёруду 200 милюн дулор буда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳ дар соли гузашта 8 милюн дулор ё 2 дарсард камтар аст.

Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гардиши коло миёни Тоҷикистону Узбакистон ду баробар афзудааст

Воридоти коло аз хориҷ ба Тоҷикистон дар ин муддат беш аз 2 милёрду 200 милюн дулорро ташкил дода, ки 266 милюн дулор ё 10,5 дарсад камтар аз ҳамин давра дар соли 2016 аст.

Дар ин муддат воридоти мошинолот ва таҷҳизот, филиззҳои ғайригаронбаҳо, маҳсулоти гиёҳӣ, орду гандум аз хориҷ ба Тоҷикистон ба андозаи чашмгире коҳиш ёфта аст. Аммо баръакс содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар ин муддат 35 дарсад ё 258 милюн дулор афзоиш ёфта ва беш аз 1 милёрд дулорро ташкил додааст. 

Русия дар соли равон низ аз шарикҳои аслии Тоҷикистон буда ва гардиши молӣ миёни ду кишвар дар ин 10 моҳ 765 милюн дулор баровард шуда, ки дар муқоиса бо ҳаин давра дар соли гузашта камобеш 18 дарсад коҳиш ёфта аст.

Дувумин шарики тиҷории Тоҷикистон Қазоқистон буда, ки ҳаҷми гардиши коло миёнашон дар ин даҳмоҳа камобеш 30 дарсад афзоиш ёфта ва ба 673 милюн дулор расидааст.

Ҳаҷми гардиши коло миёни Тоҷикистон ва Чин дар ин даҳмоҳа камубеш 40 дарсад коҳиш дошта ва 471 милюн дулор баровард шудааст.

Лентаи хабарҳо
0