Ифтитоҳи Маркази оши палав ва дам кардани 350 кило биринҷ дар Хуҷанд

© Пресс-служба президента РТЭмомали Рахмон открыл "Центр плов" в Худжанде
Эмомали Рахмон открыл Центр плов в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рӯзи ифтитоҳи маҷмаа ошпазон дар даҳ дег бо 350 кило биринҷ даҳ навъ ош дам андохтанд

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Маркази матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар гузориш медиҳад, ки дар Хуҷанд  Маҷмааи миллии "Маркази оши палав" ифтитоҳ шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, маҷмаа бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар вазъи тантанавӣ ифтитоҳ шудааст.

Гуфта мешавад, баъди мавриди баҳарабардорӣ қарор гирифтани иншоот то 60 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуд. Дар рӯзи ифтитоҳи маҷмаа ошпазон дар даҳ дег бо 350 кило биринҷ даҳ навъ ош дам андохтанд.

"Баъди ифтитоҳи Маҷмааи миллии "Маркази Оши палов" раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 160 нафар ятими кулли навраси шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои идона тақдим кард",- омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, таъкид гардид, ки чунин марказҳо бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар маркази пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе таъсис дода шаванд, то ин ки меҳмонони хориҷӣ бо лаззати таъомҳои миллӣ шинос шаванд.

Лентаи хабарҳо
0