ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки занеро бо гумони даст доштан дар ташкили фоҳишахона дар шаҳри Душанбе боздошт кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зани 43-солаи сокини кӯчаи Лоҳутии шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 15-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 13:00-дақиқа, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Назаршоеви пойтахтро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 35-сола ва зани 20-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.