Муовини мудири Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба ҳабси 8 сол маҳкум шуд

© Sputnik / Илья ПиталевАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе доктори улуми пизишкӣ Дилшод Солеҳовро ба ҷурми ришваситонӣ ба ҳабси 8 сол маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ муовини мудири Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Дилшод Солеҳов  ба 8 сол ҳабс дар зиндон маҳкум шуд.

Гуфта мешавад, амволи Солеҳов забт ва худи ӯ аз ҳуқуқи дарёфти мақомҳои муайян ба муддати 5 сол маҳрум хоҳад шуд.

Дар муҳокимаи додгоҳ маълум гаштааст, ки Солеҳов аз падари як довталаб 16 ҳазор дулор ришва ситонидааст.

Муовини мудир дар оғози моҳи сентябр боздошт шуда будааст. Баъди боздошт ӯро ба шарти берун нарафтан аз кишвар озод карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0