ДУШАНБЕ, 16 ноя- Sputnik. Дар пойтахти кишвар ба муносибати Рӯзи Кишвардори Тоҷикистон ҳунарнамоии гурӯҳҳои созиву овозӣ ва ҳунарпешаҳо баргузор мешавад.
Бино бар иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, барномаи консертӣ дар майдони 800-солагии Маскав дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, дар барномаи консертӣ ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Айнӣ, ансамбли давлатии хидматнишондодаи рақсии "Лола" ба номи Ғаффор Валаматзода, ансамбли рақсии "Зебо", ансамбли "Ситораи умед" ҳунарнамоӣ мекунанд.
"Ҳамчунин дар барномаи консертӣ сарояндагони номдор — Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев, Зулайхо Маҳмадшоева, Фахриддини Малик, Ҳақназар Аловатов, Виктория Раҳмонова ва дигарон ширкат меварзанд", — гуфта мешавад дар хабар.
Ёдовар мешавем, пештар Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки пешвояш раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, тасмим гирифта имсол Рӯзи раисҷумҳурро дар саросари кишвар бо барномаҳои камҳазина баргузор кунад. Ин ҷашн порсол муқаррар шуда ва ҳарсола 16 ноябр баргузор мешавад.