ВУД: дар Қӯрғонтеппа ҳаммомхонаро ба фоҳишахона табдил доданд

© Sputnik / Ксения Сидорова / Гузариш ба медиабонкБаня Хаммам, архивное фото
Баня Хаммам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як сокини Қӯрғонтеппа муттаҳам ба табдил додани ҳаммоми шахсиаш ба фоҳишахона мешавад

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Марде дар шаҳри Қғрғонтеппа ҳоммоми манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додааст, гузориш медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия дар шаҳри Қӯрғонтеппа зимни доир намудани доир намудани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ марди 35-солаи сокини ноҳияи Вахшро ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд.

Номбурда, санаи 13-уми ноябри соли 2017 ҳаммомхонаи шахсиаш, воқеъ дар кӯчаи Карамови шаҳри Қӯрғонтеппаро ба марди 22-солаи сокини шаҳри мазкур ва зани 21-солаи сокини ноҳияи Бохтар барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100-сомонӣ гирифтааст.

Нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0