ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Ба гузориши рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон", ин мусобиқа ба ибтикори Бахши умури ҷавонону варзиши ҳукумати ноҳияи Дарвоз дар миёни мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия баргузор шудааст.
Расулҷон Шокиров, мудири Бахш, ба ин расона гуфта, ки дар ин мусобиқа донишомӯзони дабиристонҳои №№ 1-ум, 4-ум, 5-ум, 6-ум, 9-ум ва 40-ум бо якдигар рақобат кардаанд.
Аз рӯи натиҷаҳои даври ниҳоӣ дастаи дабиристони № 6-уми рустои Ёгед дар ин мусобиқа баранда шуд. Ҷои дувумро дастаи дабиристони № 8-уми деҳаи Рӯзвай гирифт.
Ин дастаҳо бо нишону ифтихорномаҳои Бахши умури ҷавонону варзиши ҳукумати ноҳияи Дарвоз тақдир карда шуданд.
Чанде пеш аз ин ҳам дар чорчӯби барномаҳои "Соли ҷавонон" ва ба муносибати Рӯзи Кишвардор дар деҳаи Ёгед мусобиқаи дӯстона миёни дастаҳои духтарони донишомӯзи ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон баргузор шуда буд.
Мувофиқи натиҷаҳои умумӣ дар ин бозӣ дастаи "Рӯшон" бар тими "Дарвоз" бо ҳисоби 30:26 дастболо гардида, ғолиби мусобиқа эълон шуд.
Барои ғолибону варзишгарон аз тарафи Бахш ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.