Додгоҳи шикояти Назарзодаро ба назар нагирифт

© Фото : Сайт: Сайфиддин НазарзодаСайфиддин Назарзода, архивное фото
Сайфиддин Назарзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятии таҷдиди назари ҳукм аз ҷониби Назарзодаро баррасӣ ва тасмим гирифт, ки қарори додгоҳ бетағйир боқӣ гузошта шавад

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро нисбат ба Сайфиддин Назарзода, собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба назар нагирифт, хабар медиҳанд расонаҳои Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятии таҷдиди назари ҳукм аз ҷониби Назарзодаро баррасӣ ва тасмим гирифт, ки қарори додгоҳ бетағйир боқӣ гузошта шавад.

Вакили Сайфиддин Назарзода гуфтааст, ин дафъа низ ҳукми додгоҳ нисбати қазияи онҳо ноадолатона буд. Вай афзудааст, онҳо ният доранд, ки аз болои қарори додгоҳ боз шикоят баранд.

Сайфиддин Назарзода, раиси Китобхонаи Миллии Тоҷикистон дар авоили моҳи август ба далели нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аз сўйи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин симмат барканор шуд, ки муддаӣ аст ин иқдом ғайримунсифона мебошад.

Лентаи хабарҳо
0