ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ҳунарманди ҷавону номдори тоҷик, овозхони Кумитаи телевизиону радиои Тоҷикистон Бобоҷон Амонулло дар Русия ҳунарнамоӣ мекунад.
Вай дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки бо даъвати муҳоҷирони тоҷик ба Русия омадааст.
"Чанд муддат пеш мухлисонам даъват карда буданд, ки дар Русия ҳунарнамоӣ кунам. Ҳоло фурсат даст дод, ки ба ин кишвар сафар кунам", — гуфт вай.
Консертҳои Бобоҷон Амонулло як моҳи тамом дар гӯшаву канори Маскав рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе баргузор мешавад.
Афзун бар ин, Бобоҷон Амонулло дар назар дорад, ки дар дигар шаҳрҳои бузурги Русия — Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Барнаул ва Тумен низ ҳунарнамоӣ кунад.
"Ҳадаф аз ин сафари ҳунарӣ на касби даромад ё шуҳрат, балки шод кардани мухлисони раҳдурам аст", — таъкид кард вай.
Бобоҷон Амонулло- овозхони ҷавону боистеъдоди тоҷик аст, ки пас аз чанд ҳунарнамоӣ дар назди раисҷумҳури Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештареро ба худ ҷалб кардааст.
Ӯ ҳунаромӯхтаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва корманди Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон аст. Ҳунарманд дар жанрҳои классика, лирика ва эстрада суруд месарояд ва пайваста бо устодонаш Афзалшоҳ Шодӣ ва Ҷӯрабек Муродов ҳамкорӣ мекунад.