Раҳматилло Зойиров: маро дубора лату кӯб карданд

© Sputnik / Амир ИсаевРахматилло Зойиров. Архивное фото
Рахматилло Зойиров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ҲСДТ гуфта, ки дасти росташ дар паи зарба бо милаи оҳанӣ осеб дида ва аз ин рӯ то кунун ба милиса шикоят набурдааст

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раиси Ҳизби сосиал демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар паёме дар саҳфаи фейсбукиаш навишта, ки чанде пеш афроди ношиносе ӯро лату кӯб карданд.

Вай гуфта, ки ин ҳодиса 9-уми ноябр дар маҳаллаи 103-уми шаҳри Душанбе рух додааст.

"Рӯзи 9-уми ноябр соатҳои 19:00 дар ноҳияи 103-уми пойтахт сагамро ба сайру гашт бароварда будам. Дар ҳамин вақт зане бе ягон далел маро "бенамозу беинсоф" гӯён таҳқир кардан гирифт",- менависад вай.

Ӯ афзудааст, сипас аз куҷое ҷавоне пайдо шуду, ӯ ҳам  "ту Зойирови ватанфурӯш" гӯён ба тавҳин кардан даромад.

"Дар ҳамин вақт марди тахминан 45 сола аз қафо бо милаи оҳании дастадор хост ба сарам зарба занад, аммо ман бо дастонам худро ҳимоя кардам",- менависад Зойиров.

Раиси ҲСДТ тавзеҳ дода, ки дасти росташ дар паи зарба бо милаи оҳанӣ осеб дида ва аз ин рӯ то кунун ба милиса шикоят набурдааст.

"Рахматилло Зойиров сиҳату саломат аст, ин рӯзҳо табобат дорад ва рӯзхои наздик тафсилоти ин ва дигар ходисаҳоро худаш баён хоҳад кард", — ёдоварӣ кардааст раиси ҲСДТ дар паёмаш.

Лентаи хабарҳо
0