ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ҷавонпаҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода пас аз ширкат дар сабқати қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочӣ ба Тоҷикистон бар гашт.
Аз маросими истиқболи ӯ дар пойтахт ба Sputnik Тоҷикистон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон Амир Ӯрунов хабар дод.
Вай гуфт, Беҳрӯз Хоҷазодаро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе беш аз 600 кас пешвоз гирифтаанд.
Дар он миён намояндагони Кумитаи ҷавонону варзиш, шаҳрдории Душанбе, варзишкорон, наздикони Беҳрӯз ва ҳаводоронаш будаанд.
"Ҳарчанд ниме аз шаб гузашта буд, вале дар фурудгоҳ беш аз 600 кас ба пешвози варзишкорони тоҷик омада буд", — гуфт Амир Ӯрунов.
Ба гуфтаи вай, ҳавопаймои Беҳрӯз Хоҷазода ва дигар варзишкорон соатҳои 02:20 ба Душанбе фуруд омадааст.
Варзишкоронро раиси Кумитаи умури ҷавонону варзиш Аҳтам Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров ва хабарнигорону наздикони варзишкорон пешвоз гирифтанд.
"Сараввал модари Беҳрӯз Хоҷазода — Мавҷигул Хоҷаева ӯро ба оғӯш кашид ва ба гарданаш гулчанбар овехт. Сипас раиси Кумитаи умури ҷавонон ва пасон дигарон ҳама як ба як Беҳрӯзро шодбош мегуфтанд", — афзуд ӯ.
Вай афзуд, аз ин гуна пазироии қаҳрамони тоҷик шигифтзода шудааст. Зеро, ба гуфтаи вай, он ҷо нафарони шахсан бо Беҳрӯз ношинос ҳам омода буданду ҳама як ба як ӯро ба оғӯш мекашиданд ва шодбош мегуфтанд.
Аз бисёрии мардум мо то соати 04:00 саҳар дар фурудгоҳ мондем ва маросими қабул ҳам қариб ду соат давом кард. Аз "ҳуҷуми" мухлисон ба Беҳрӯз хабарнигорон ҳам имкони мусоҳиба гирифтанро пайдо намекарданд, афзуд манбаъ.
"Ҳама шод буданд, дар назди мошинҳое, ки ба пешвози ҷаҳонқаҳрамон омоада буданд, аксҳои Беҳрӯз меоистод ва ҳама номи ӯро гирифта бо ифтихор фарёд мекарданд",- гуфт Амир Ӯрунов.
Ёдовар мешавем, Беҳрӯз Хоҷазода, паҳлавони тоҷик, рӯзи 11-уми ноябр дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон шаҳри Сочи дар вазни 74 кило унвони қаҳрамонӣ гирифт.
Паҳлавони тоҷик бо гирифтани ҷои якум ва медали тилло дар қаҳрамонии ҷаҳон, пас аз 42 сол қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимовро такрор кард.
Беҳрӯз Хоҷазода, донишҷӯи соли 4-уми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аст.