ДУШАНБЕ, 13 ноя- Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ, рӯзи 10 ноябр дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Берлини ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Ин ҷамъомад бо ширкати доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву илмӣ, донишҷӯён ва аъзоёни Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон баргузор гардид.
Дар назди ҳозирин бастакори шинохтаи тоҷик Фирӯз Баҳор, ки чанде пеш бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе сафар карда буд, баромад намуда гуфт: "Аз рушди Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик хеле ифтихормандам".
Ба гузориши манбаъ, Фирӯз Баҳор дар назди ҳозирин аз эҷодиёти худ якчанд оҳанг пешниҳод кардааст.
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ, афири Тоҷикистон дар Олмон-Маликшо Неъматов дар назди ҳозирин бо маърӯзаи "Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ — Иҷлосияи тақдирсоз барои давлату миллати Тоҷик" баромад намудааст.
Сафири Тоҷикистон қайд кардааст, ки маҳз Иҷлосиси 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдевори сулҳу салоҳ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.
Аз номи Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ ҷаноби Михаэл Зиберт баромад намуда, ҳозиринро ба ҷашни 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин бо 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Олмон ва Тоҷикистон табрик гуфтааст.