Русия омода аст ба осебдидагон аз заминларза дар Эрон ва Ироқ ёрӣ расонад

© REUTERS \ AKO RASHEEDЗемлетрясение в Иране
Землетрясение в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати авзоъи изтирории Русия эълом карда, ки омода аст ба Эрон ва Ироқ дар бартараф кардани пайомадҳои заминларза ёрӣ расонад

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Вазири авзоъи изтирории Русия Владимир Пучков бо ирсоли паёмҳои ҷудогонае ба вазирони умури дохилии Эрон ва Ироқ бо миллату давлати ин ду кишвар ҳамдардӣ кард.

Вай ҳамчунин аз омодагии Русия барои ёрирасонӣ ба зилзилазадагон дар он ду кишвар хабар дод.

Дар паёми вазири рус ба ҳамтои эронияш аз ҷумла омадааст:

"Хоҳишмандем амиқтарин таслияти моро ба хотири ҳодисаи талхи заминларзаи вайронгар дар марзи Эрону Ироқ пазиро бошед. Агар эҳсос мекунед, ки кумаку нерӯҳои Вазорати авзоъи изтирории Русия метавонад ба шумо дар ин рӯзҳои сахт ёрӣ бирасонад, мо омодаем ба шумо кумаку ёрӣ бирасонем".    

Бар асари заминларзае ба шиддати 7,2 дараҷа, ки 12 ноябр дар марзи Эрону Ироқ рух дод, бино бар охирин омор, беш аз 370 кас кушта ва беш аз 3 ҳазор кас захмӣ шуданд.

© REUTERS \ TASNIM NEWS AGENCYЗемлетрясение в Иране
Землетрясение в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Землетрясение в Иране
Лентаи хабарҳо
0