ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ барқияи таслият ирсол кард.
Дар паёме, ки дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон мунташир кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад:
"Ҷаноби Олӣ,
Хабари заминларзаҳо дар вилояти Кирмоншоҳ ва дигар минтақаҳои ғарбии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.
Аз номи худ ва тамоми халқи Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба мардуми дӯсти Эрон изҳор намуда, ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон таслияти самимии хешро арз менамоям ва аз даргоҳи Худованди мутаъол барояшон сабри ҷамил хоҳонам. Ба осебдидагон шифои комил орзумандам».
Бар асари заминларзае ба шиддати 7,3 дараҷа, ки 12 ноябр дар марзи Эрону Ироқ рух дод, бино бар охирин омор, беш аз 350 кас кушта ва беш аз 3 ҳазор кас захмӣ шуданд.