ДУШАНБЕ, 12 ноя- Sputnik. Дар Маскав дар чорчӯби барномаи "Хонаи ман Маскав" (Мой дом Москва), Рӯзи фарҳанги мамолики араб баргузор шуд.
Дар ин чорабинии фарҳангӣ сафирони Сурияву Ироқ намояндаи ҳукумати Маскав ва раиси диаспораи кишварҳои араб ширкат ва суханронӣ карданд.
"Боварӣ дорем, ки ин чорабинӣ барои наздиктар кардани ҳар яки мову шумо бо ҳам кӯмак хоҳад кард", — гуфт ҳангоми суханронӣ раиси диаспораи кишварҳои Араб дар Маскав Ҳассан Насруллоҳ.

Барномаи фарҳангӣ аз рақсу суруд, шеъру тарона, намоиши наворҳои видеоӣ дар бораи таъриху фарҳанги кишварҳои Араб иборат буд.
Бахусус рақси мардонаи "Танури мисрӣ" дар иҷрои Салим Ислом ва Саид Мустафо, зери доиранавозии Оскар тамошобинонро ба ваҷд овард.

Сурудҳои пур аз меҳри Ватан дар иҷрои Раша Харфуш аз Сурия мардумро ба дуриҳои дур бурд. Ҳамчунин дар ин барномаи фарҳангӣ гулдухтарон ҳунари рақси худро пешкаши тамошобинон карданд.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ яке аз оҳангҳои қадимтарини ҷаҳони мусиқии мамолики Араб-"Рақс ал-сет"-ро Иван Халил ва Басел Шоҳин бо гитор ва уд навохтанд.
Рӯзи фарҳанги арабӣ дар Маскав аз ҷониби Дипартаменти сиёсати милли Маскав, ҳукумати Маскав, Қасри пионерон ва Диаспораи кишварҳои Араб дар Маскав ташкил шуда буд.