ДУШАНБЕ, 11 ноя- Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе қароре ба имзо расонид, ки мувофиқи он ҳамаи нуқтаҳои фурӯши гирду атрофи бозори "Шоҳмансур" кӯчонида мешаванд.
Дар ин бора дар равобити умумии шаҳрдори Душанбе хабар дода шудааст.
Ба гузориши манбаъ, сухан дар бораи дӯкону фурӯшгоҳҳо, биноҳои хадамоти маишӣ ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ меравад, ки замоне дар гирду атроф ва наздикии бозор сохта шудааст.
Рустам Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдори шаҳр дастур додааст, ки рӯйхати иншооти бартарафшавандаро тартиб дода, моликони онҳоро ба таври хаттӣ дар бораи кӯчонидани онҳо огоҳ намоянд.
"Супориш дода шудааст, ки ба соҳибони иншооти бартарафшаванда ҷубронпулӣ ҷудо карда шавад",-омадааст дар хабарнома.
Бо қарори раиси пойтахт, тамоми қаламрави холишуда бо андозаи 4,3 гектар ба фонди заминҳои захиравии пойтахт дохил карда мешавад: бидуни иҷозаи махсус ҳама гуна сохтмон дар ин ҷо манъ аст.