ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, бунёди ин сохтмон чанде пеш оғоз шудаву қарор аст дар ду сол сохта шавад.
"Раиси ноҳия Ғайрат Азиззода дар маросими оғози сохтусози ин бунгоҳи фарҳангӣ ва суҳбат бо сохтмонсозон гуфтааст, ки Қасри фарҳанг бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад", — омадааст дар хабарнома.
Қасри фарҳанги ноҳияи Масчо дар замине ба масоҳати умумии 1,5 га бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат ва дорои 1000 сандалӣ хоҳад буд.
Супоришдиҳандаи сохтмони Идораи сохтусози сохтмонҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ва паймонкор ширкати маҳдудмасъулияти "Сохтмон" аст.
Ба гузориши манбаъ, тибқи лоиҳа сохтмони Қасри фарҳанг дар ду сол сохта ва ба баҳрабардорӣ расонда мешавад.
Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш соҳибкор Шуҳрат Холматов дар шаҳри Хуҷанд бунгоҳи пизишкии "Афзал" бунёд кард.
Дар ин марказ 20 коршиноси пизишкӣ ба кор ҷалб шудаанд, ки бархе аз онҳо дар Русия ва Корея таҷриба андӯхтаанд.