Блогнависони маъруфи Тоҷикистон: аз Шабнам Сурайё то Нигина Амонқулова

© Фото : PicjumboТелефон
Телефон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифта, ки машҳуртарин духтарони тоҷики Instagram-ро муайян кунад

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ҳунармандони тоҷик набзи замонро эҳсос мекунанд ва дар баробари дигарон шабакаҳои иҷтимоиро фаъолона меомӯзанд.

Аксари онҳо овозхон ё ситораи эстрада ҳастанду нафаре мудел ва дигаре ҳам ҳунари блогнависӣ дорад. Вале ҳамаи ин духтаронро на танҳо дар Тоҷикистон мешиносанд, балки тамоми ҷаҳон саҳифащои онҳоро пайгирӣ мекунад.

Шабнам Сурайё

Сарояндаи номдори Тоҷикистон бо ҳунари овозхонии худ на фақат дар Тоҷикистон балки дар Афғонистону Эрон ҳам шӯҳрат дорад.

 

Аз соли 2007 инҷониб Шабнам сафири сулҳи Тоҷикистон дар СММ мебошад.

 

Наздики сад ҳазор кас зиндагии Шабнамро аз саҳифаи инстаграми ӯ пайгирӣ мекунад.

Парвина Саидова

Парвина натанҳо супер-мудел, балки ӯро супер-модар ҳам унвон мекунанд. Ӯ модари панҷ фарзанд аст. Чанд сол пеш ӯ маҷбур буд барои пешбурди зиндагӣ мудел шавад. Имрӯз Парвина дар Порис ҳамроҳи тарроҳи машҳури ҷаҳонӣ Пер Карден фаъолият мекунад.

 

Чанде паш Парвина ҳунари овозхонии худро ҳам ба мардум нишон дод. Ӯ намоҳанги нахустинашро бо унвони "Алладин" пешкаши ҳаводоранаш кард. Ба саҳифаи Instagram-и Парвина 99 ҳазор кас аъзо шудааст.

(❤️ A) спасибо мои родные❤️ @lidiyaandre ❤️💋 @yodgornosirov @zevarov @robertmirzoyan_

Публикация от (Парвина Саидова) (@miss_fortuna) Сен 16 2017 в 11:24 PDT

 

Таҳмина Ниёзова

Таҳмина Ниёзова соли 2008-ум дар озмуни "Пять звезд. Интервидение" пирӯз шуду, пас аз ин ғолибият дар Тоҷикистон ва берун аз он шӯҳрат пайдо кард.

 

Соли 2012 Таҳмина нахустин албоми худро таҳти унвони "Нози Ишқ" баровард, ки дар он сурудҳо бо чанд забон: тоҷикӣ, русӣ, шуғнонӣ ва англисӣ суруда шудаанд. Соли 2016 Таҳмина намоҳанги суруди "Ты не достоин меня"-ро бо забонҳои русию англисӣ иҷро кард.

 

 

Зиндагӣ ва эҷодиёти Таҳминаро дар Instagram 27 ҳазор кас пайгирӣ мекунад.

Манижа Сангин

Манижа Сангин овозхони Русия ва  зодаи Тоҷкистон аст. Ӯ зери унвони Manizha машҳур аст. Манижа пас аз сабти намоҳангҳои кӯтоҳ дар Instagram машҳур шуд. Соли 2016 Манижа нахустин албоми худро зери унвони "Люстра" пешкаши ҳаводоронаш кард. Ӯ дар шаҳри Маскав ба сар мебарад.

 

Чанде пеш овозхони ҷавон нахустин консерти худро дар яке аз беҳтарин толорҳои Маскав "Дом Союзов" баргузор кард. Эҷодиёти Манижаро 260 ҳазор кас пайгирӣ мекунад.

 

Фарзона Хуршед

Фарзона Хуршед пас аз сабти сурудҳои зиёд миёни халқи тоҷик шуҳрат пайдо кард. Ӯ боре ҳам дар Маскав барои муҳоҷирон консерт баргузор карда буд. Намоҳангҳои Фарзона дар интернет ҳамоно чарх мезананд.

 

 

Чанд сол пеш  Фарзонаро барои кумак ба ҷинояткоре ба маҳкама кашиданду ӯ 1,5 соли умрашро дар зиндон гузаронид.

Shab ba khayr…

Публикация от Farzonai Khurshed (@farzonakhurshed) Сен 24 2017 в 1:52 PDT

 

Зиндагии Фарзонаро дар Instagram 111 ҳазор кас пайгирӣ мекунад.

Меҳрнигор Рустам

Меҳрнигор аз панҷсолагиаш дар мактабии мусиқии ба номи Малика Собирова таҳсил мекард.

#live #performance #london#BBC #ovo

Публикация от MEHRNIGOR🇹🇯 (@mehrnigori_rustam) Сен 20 2017 в 6:30 PDT

 

Соли 2007 Меҳрнигор ду диски сурудҳои худро таҳти унвони "Тоҷикистон" ва "Шодиёна" пешкаши ҳаводоронаш кард. 

Birthday girl 🖤🙈

Публикация от MEHRNIGOR🇹🇯 (@mehrnigori_rustam) Окт 13 2017 в 10:01 PDT

 

Меҳрнигор гитор, ғиҷҷак ва дуторро хуб менавозад. Расмкаширо дӯст медорад ва ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ шавқ дорад. Зиндагии Меҳрнигорро 141 ҳазор кас пайгирӣ мекунад.

Нигина Амонқулова

 

Нигина овозхони номӣ сарояндаи сурудҳои марумӣ мебошад.

 

 

Нигина бо овози худ ва тарзи сурудхонию либоспӯшии тоҷикона аз дигарон фарқ мекунад. Нахустин бор Нигина пас аз сурудани "Ранҷида нигорам омад" дар озмуни "Андалеб" дар Тоҷикистон машҳур шуд. Зиндагии Нигинаро дар Instagram 129 ҳазор кас пайгирӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0