ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Аз 7 то 10 ноябри соли 2017 дар шаҳри Пекин ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба сарҳади давлатӣ таҳти раисии Роҳбари қисми тоҷикистонии Комиссияи муштарак, Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод ва Роҳбари қисми хитоии Комиссияи муштарак, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба масъалаҳои сарҳадӣ ва корҳои баҳрӣ Чжоу Сзян доир гардид.
Тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитойро аз 5 июни соли 2012 баррасӣ карданд.
Аз натиҷаи ҷаласаи Комиссияи муштарак Протокол ба имзо расид.