Дер ояду шер ояд: Фарзона Хуршед далели баргузор нашудани консерташро гуфт

Обуна шудан
Пештар ин овозхони попи тоҷик эълон карда буд, ки охирҳои моҳи октябр бо Шабнам Сурайё ва модарашон дар Амфитеатри Душанбе консерт медиҳанд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Овозхони тоҷик Фарзона Хуршед далели лағв шудани консерташро гуфтааст.

Пештар ин овозхони попи тоҷик эълон карда буд, ки ду руз-19 ва 20-уми  октябр бо Шабнам Сурайё ва модарашон — Сурайё Қосимова дар Амфитеатри Душанбе ҳунарнамоӣ мекунанд.

Аммо бо далоли номаълум ин барнома лағв гардида буд.

Фарзона Хуршед далели ба таъхир афтидани консертро кам будани вақт барои омодагӣ ба он номидааст. Ҳунарманд афзудааст, консерт рӯзҳои 13, 14, 15-уми ноябр дар Амфитеатр баргузор хоҳад шуд ва ҳоло барномаи ҳунарнамоиро ҷиддӣ омода месозад.

"Умедворам, ки интизориҳои шуморо бо беҳтарин суруду рақсҳо ва лаҳзаҳои ғайричашмдошт ҷуброн хоҳем кард. Талошу заҳмати шабонарузии мо ба хотири ба Шумо пешниҳод намудани зеботарин базм! Беҳуда дар урфият нагуфтаанд: "Дер ояду Шер ояд!",- менависад ӯ.

 

 

Лентаи хабарҳо
0