ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Сухангӯи Вазорати умури дохилаи Русия Ирина Волк хабар дод, ки дар Маскав дар натиҷаи лату кӯби чанде аз афроди номаълум чор тан ҷароҳат бардоштанд. Муттаҳамони ин ҳодиса 3 шаҳванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буданд.
Бино бар иттилои манбаъ, ба пулис хабар додаанд, ки дар ҷануби Маскав чанде аз афроди номаълум чор танро латтукӯб карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Кормандони пулиси Маскав дар пайи ҷустуҷӯ се шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказиро боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, онҳо мехостанд ба ватанашон фирор кунанд.
Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, муттаҳамон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.