Тахфифи 50%-и Русия барои интиқоли сабзавоту меваи Тоҷикистон

© Sputnik / Дмитрий Коробейников / Гузариш ба медиабонкТоварный поезд. Архивное фото
Товарный поезд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То соли 2019 ширкати "Роҳи оҳани Русия" барои интиқоли меваю сабзавоти Тоҷикистону Узбакистон тахфифи 50фоизӣ эълом мекунад

ДУШАНБЕ, 10 ноя— Sputnik. "Роҳи оҳани Русия" то соли 2019 барои интиқоли меваю сабзавоти Тоҷикистону Узбакистон ба қаламрави Русия тахфифи 50%-ӣ эълом кардааст.

Дар ин бора дар равобити умумии ширкат хабар дод ашудааст.

"Барои ворид кардани тахфиф ҷиҳати интиқоли сабзавоту меваҳо аз Тоҷикистону Узбакистон барои ширкатҳои "Узбекистон темир йуллари" ва "Роҳи оҳани Тоҷикистон" тахфифи 0,5 дарсадӣ ворид карда шавад, — омадааст дар хабарнома.

Пассажиры поезда Москва-Душанбе, отправляющегося с Казанского вокзала. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Роҳи оҳани Тоҷикистон" мусофирони пиёдашуда дар Оқсаройро ройгон ба Душанбе мебарад

Ин қарор пас аз даҳ рӯз ба кор даромада то рӯзи 31 декабри соли 2018 фаъол мемонад.

Пештар хабар дода шуд, ки ширкати давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" муваззаф шудааст мусофиронеро, ки дар истгоҳи "Оқсарой" аз қатор пиёда карда буданд, ройгон ба Душанбе бирасонад.

Камобеш 150 муҳоҷир аз Тоҷикистон, ки бо қатор аз Маскав ба Душанбе мерафтанд, як ҳафта боз дар он истгоҳ дар марзи Русияву Қазоқистон мондаанд. Ин мусофиронро ба далели шикастани қонуни муҳоҷирати Русия аз қатор пиёда карда буданд.

"Мо муваззаф шудаем, ки ҳама муҳоҷиронеро, ки дар истгоҳи "Оқсарой" аз қатор пиёда кардаанд, ройгон ба Душанбе биарасонем. Ҳамин ки ҷаримаҳояшонро пардохт карданд, онҳоро бо аввалин қатор ба кишвар хоҳанд фиристод", — гуфт Латифзода.

Билет аз Оқсарой то Душанбе 5 — 6 ҳазор рубл арзиш дорад, ки на ҳар мусофире тавони пардохташро дорад. Сафорати Тоҷикистон ду рӯз пеш дар номае ба Вазорати умури хориҷии Русия аз вазъи мусофирон нигаронӣ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0