Афсонаи сафари ҳунарии Муҳсин Човушӣ ба Тоҷикистон ё овоз ҳам "дубликат” дорад?

© Commons.wikimedia / WikimediaИранский певец Мухсин Човуши
Иранский певец Мухсин Човуши - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вай Муҳсин Човушӣ нест, кӣ ба Шумо гуфтаст Муҳсин Човушӣ? Вай Ризол Муҳаммад аст. Медонед, вай намояндаи Муҳсин Човушӣ аст ва Муҳсин дар ҷое суруд намехонад. Вай дар клипҳо ҳам нест. Ин ҳам ҳунарманди эронӣ аст, ки сурудҳои ӯро мехонад. Муҳсин ҳеҷ вақт ба хориҷа сафар намекунад ва консерт намедиҳад, барои ҳамин намояндааш меояд.

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik, Гурдофарид Ҳакимзода. Саҳари солеҳон. Рӯзи ман бо садои радио оғоз меёбад. Радио огаҳии бозаргонӣ пахш кардан гирифту хостам онро хомӯш карда аз паси корам шавам, лекин даст нигаҳ доштам. Зеро садои Муҳсин Човуширо шунидам, ки мехонд "Азизам куҷоӣ? Дақиан куҷоӣ?"…

Суруде, ки бисёр гӯшаш мекунам. "Муҳсин Човушӣ танҳо як рӯз ба ноҳияи Ашт меояд", — огаҳӣ мерасонд радио. Шод шудаму хостам дигаронро ҳам аз ин хабар огоҳ кунам.

Дар дафтари кор зуд гӯши телефонро мегираму ба шуморае, ки радио эълон кард, занг мезанам.

— Салом алейкум!

— Алейкум салом!

— Хабарнигор ҳастам… Мехостам дар бораи консерти Муҳсин Човушӣ бипурсам.

— Марҳамат, марҳамат..

— Оё Муҳсин Човушӣ ба Тоҷикистон меояд?

— Бале, рӯзи 11-уми ноябр дар Душанбе ҳунарнамоӣ мекунад ва рӯзи 12-ум ба ноҳияи Ашт меоянд. Ҷузъиёташро аз дигар кас ҷӯё шавед, гуфт вай ва шуморае дод то тамос бигирам.

© Фото : Шохзод ДавлатовБаннер на улыцах Душанбе и район Ашт
Баннер на улыцах Душанбе и район Ашт - Sputnik Тоҷикистон
Баннер на улыцах Душанбе и район Ашт

Ба он "дигар кас"  занг мезанам. Дар посух ба суолам шунидам, ки на Муҳсин Човушӣ, балки Ризол Муҳаммад Човушӣ меояд. Ин "дигар кас" бо шунидани номи Муҳсин Човушӣ шигифтзада мешавад. "Кӣ ба шумо гуфта, ки Муҳсин меояд? Ин хабар дуруст нест. Агар хабарнигор бошед, номи маро нанависед", — гуфт вай.

Чӣ аҷаб?! Магар мешавад, ки дар радио нодуруст огаҳирасонӣ кунанд? Ҳисси кунҷковиам боло гирифту ба масъулини радио занг задам.

"Мо масъули дуруст ё дурӯғ будани матолиби таблиғшаванда нестем. Мо шартнома бастаем, ки бар асоси он супоришдиҳанда масъули эъломҳои худ аст", — ҷавоб доданд дар ду радиое, ки ман бо онҳо тамос гирафтам.

Дар ҳамин ҳол аз Шоҳзод ном ҷавоне шикоят дарёфт кардам.

Шоҳзод мегӯяд, дирӯз бо 600 сомонӣ билет харита як клуби маъруфи Душанбе ба тамошои консерти Муҳсин Човушӣ рафтааст. Аммо онҷо Ризол Муҳаммад ном касе овозхонӣ кардааст, на Муҳсин Човушӣ.

Аз ӯ пурсидам, ки чаро шумо фикр кардед, ки Муҳсин меояд? Вай гуфт, дар баннер калон-калон "Човушӣ" навишта буданду "Ризол Муҳаммад"-ро бо ҳарфҳои хурд ва акси нафареро мондаанд, ки ҳамеша дар клипҳои Муҳсин Човушӣ истифода мешавад.

Қазия ҷолибтар шуд.

Ба Вазорати фарҳанг занг задам. Посух доданд, ки баргузории чунин консерте ҳамоҳанг нашудааст ва намедонанд, ки Муҳсин Човушӣ меояд ё Ризол Муҳаммад.

Аммо дар радио ҳанӯз ҳам таблиғот меравад: Муҳсин Човушӣ — "Азизам куҷоӣ?"

© Фото : Шохзод ДавлатовБаннер на улыцах Душанбе и район Ашт
Баннер на улыцах Душанбе и район Ашт - Sputnik Тоҷикистон
Баннер на улыцах Душанбе и район Ашт

Боз бо созмондиҳандагони консерт тамос мегирам. Ин бор "калонашон" (чуноне ки ба ман гуфтанд) посух дод:

— Салом алейкум!

— Алейкум, гап занед, гап занед.

— Ман хабарнигор ҳастам. Мехостам аз шумо дар бораи консерти Муҳсин Човушӣ хабар бигирам.

— Марҳамат, номатон кист? Истед, ман бинависам.

— Гурдофарид Ҳакимзода.

— Вай Муҳсин Човушӣ нест, кӣ ба Шумо гуфтаст Муҳсин Човушӣ? Вай Ризол Муҳаммад аст. Медонед, вай намояндаи Муҳсин Човушӣ аст ва Муҳсин дар ҷое суруд намехонад. Вай дар клипҳо ҳам нест. Ин ҳам ҳунарманди эронӣ аст, ки сурудҳои ӯро мехонад. Муҳсин ҳеҷ вақт ба хориҷа сафар намекунад ва консерт намедиҳад, барои ҳамин намояндааш меояд.

Ё тавба, қазия аҷибтар аз пештар шуд…

—  Пас чаро дар радио "Муҳсин Човушӣ меояд" гуфта таблиғ мекунед?

—  Ман намедонам, ин кори мо нест.

"Мо дар баннерҳо навиштем, ки Ризол Муҳаммад Човушӣ меояд. Ҳар касе ки фикр кардааст, ки Муҳсин Човушӣ меояд, худаш аҳмақ аст!", — мегӯяд вай.

Ба ҳама шумораҳое, ки дар баннерҳо навишта шудаанд, занг задам. Дар посух ба ин савол, ки оё дар воқеъ Муҳсин Човушӣ меояд, мегуфтанд, бале, Муҳсин Човушӣ меояд.

Дар гурӯҳҳои фейсбукӣ низ постерҳое дида мешавад: консерти Муҳсин Човушӣ дар клубҳои Хуҷанд ва Душанбе.

Ҳама ҷо "Муҳсин Човушӣ" навиштаанд ва шумора ҳам овардаанд. Ба яке онҳо занг задам. Посух ин буд: "Гарантия медиҳем худамон, Муҳсин Човушӣ меояд".

Худ нархи билетро дар Душанбе мулоҳиза кунед:

Консерт дар Филармонияи давлатӣ, 11 ноябр, соати 14:00 ва 18:00 аз 100 то 400 сомонӣ

Дар ноҳияи Ашт, консерт рӯзи 12 ноябр соати 13:00, билет аз 20 то 40 сомонӣ.

Дар рестуронҳое дар Хуҷанд ва Душанбе: билет аз 400 то 1500 сомонӣ.

Муҳсин Човушӣ, ки дар Тоҷикистон шуҳрати бисёр дорад, пас аз сафари Ризол Муҳаммад Човушӣ шуҳратмандтар хоҳад шуд, аммо афсонаи сафари Муҳсин Човушӣ ба кишвар кисаҳои мардумро "хушруҳакак" холӣ хоҳад кард. Умед дорем, ки  барои ҳаводорони тоҷики Муҳсин Човушӣ ин афсона рӯзе ба воқеъият табдил меёбаду ба орзуяшон мерасанд.

 

Лентаи хабарҳо
0