ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки Сироҷиддин Аслов дар Самарқанд бо ёвари Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид мулоқот кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ Мирослав Енча баргузор гардид.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои фарогир миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла ниҳодҳои тахассусии онро муҳокима намуданд.
Масъалаҳои мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ ва вазъият дар минтақа низ дар меҳвари музокирот қарор доштанд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш хабар дода шуд, ки вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов барои ширкат дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияту рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Урупо ба Узбакистон рафт.