Дар Ижевск бахше аз манзили истиқоматӣ фурӯ рехт. Дар натиҷа дастикам ду тан кушта шудаанд. Бино бар иттилои расонаҳои Русия, як тан аз наҷотдиҳандагон низ ба ҳалокат расид.
Гурӯҳи фаврии наҷотдиҳандагон кӯдаконеро наҷот доданд, ки дар дар қисми дигари бино дар Маркази кӯдакон буданд. Касе аз онҳо осеб надидааст.