Артиши Сурия вопасин пойгоҳи "Давлати исломӣ"-ро гирифт

© пресс-служба президента Сирии / Гузариш ба медиабонкСирийская армия прорвала осаду города Дейр-эз-Зор
Сирийская армия прорвала осаду города Дейр-эз-Зор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Артиш барои тоза кардани шаҳр аз дастгоҳҳои тарканда ва минаҳои гузоштаи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" амалиёти поксозиро ба роҳ мондааст.

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории РИА Новости артиши Сурия шаҳри Абу-Камолро, ки охирин такягоҳи гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" (мамнуъ дар Тоҷикистон)  буд, ба дасти худ гирифт.

Бино ба иттилои манбаъ, низомиён  аммалиёти поксозии шаҳр аз дастгоҳҳои таркандаву минаҳои гузоштаи ҷангҷӯёни ДОИШ-ро оғоз кардаанд.

Сирийская армия полностью освободила Дейр-эз-Зор - Sputnik Тоҷикистон
Сурия шаҳри Дайру-з-Зурро аз "Давлати исломӣ" бозпас ситонд

Чуноне, ки намояндаи артиши Сурия зикр намуд, бино бар ҳамлаҳои шадиди артиши ҳукуматӣ ва нерӯҳои ҳамдасташон теруристҳо рӯ ба фирор овардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷангиён ба деҳаи Ал-Сукария ақибнишинӣ карда, аз рӯди Фурот ба каронаҳои шарқӣ мегузаранд.

Чанде пеш иттилоъ расида буд, ки артиши Сурия шаҳри Абу-Камолро ҳадафи гулӯлаборон қарор додааст. Минтақаи мазкур то ин дам зери зарбаҳои нерӯҳои ҳавоии Русия ва мушакҳои болдори "Калибр" қарор гирифта буд.

Ёдовар мешавем, ки дар давоми ду моҳи охир ба артиши Сурия муяссар гардид, ки дар озод намудани ҳудудҳои кишвар аз террористон ба пешравиҳои назаррас ноил гардад. Аввали моҳи сентябр муҳосираи сесолаи Дайр-уз-Зор барҳам дода шуд ва миёнаи моҳи октябр неруҳои ҳукуматӣ истеҳкомоти муҳими дигари гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" — шаҳри Маёдинро зери назорат гирифтанд. Ҳамчунин 3 ноябр шаҳри Дайру-з-Зур пурра озод карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0