ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ин иттифоқи аҷиб дар шаҳри Благовешенск — маркази вилояти Амурск дар марзи Русия бо Чин рух додааст.
Ҳамвандони анҷумани ҷонвардӯстони "Кошкин дом" барои гурбае сарпаноҳ меҷустанд, ки дар кӯча пайдо карда буданд. Онҳо акси ин гурбаро дар баргаи анҷуманашон дар Instagramm мунташир кардаву зераш навишта буданд:
"Ин гурбаро дар кӯча пайдо кардем. Чунон ки худ мебинед, ин бечора велгарду дайду нест. Шояд гум шуда ва шояд ҳам касе ӯро ба хиёбон партофта бошад. Зиндагиашро танҳо инсон метавонад беҳбуд бахшад".
Онҳо аз хонандагони баргаашон дархост карданд барои ин гурба сарпаноҳ пайдо кунанд, ваъда доданд, ки масоили домпизишкиашро худашон ҳалл мекунанд. Бисёре аз хонандагон ба ин дархост посух доданд, бархе кумакашонро пешниҳод карданд ва чанде ҳам пул додан хостанд.
Аммо дар ин миён иттифоқе рух дод, ки қазияро комилан боварнакарданӣ гардонд. Паёми ҷонвардӯстонро дар интернет марде аз Тоҷикистон дид, ки модараш дар шаҳри Благовешенск зиндагӣ мекунад.
Ӯ ин гурбаро шинохту гуфт он Мотя ном дорад ва дар хонаи модараш зиндагӣ мекунад. Модараш ҳам гурбаро шинохту гуфт, ки он ду ҳафта пеш аз он гум шуда будааст. Ҷонвардӯстон гурбаро ба соҳибаш бар гардонданд. Гурбаву соҳибаш аз дидори ҳамдигар бисёр шод шуданд.