Раисҷумҳур барои муҳоҷирон аз Помир хона харид

© Sputnik / Нурзада МукашеваАтамбаев в Нарыне купил дом семье памирских кыргызов
Атамбаев в Нарыне купил дом семье памирских кыргызов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳоҷирон аз раисҷумҳур ва масъулини давлату вилоят хонаву сармоя дарёфт карданд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури феълии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барои як хонаводаи қирғиз, ки аз Помир ба вилояти Норин кӯчида буд, хонаву сармоя тақдим кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Чанд ҳафта пеш дар ин хонавода писаре ба дунё омада буд, ки номашро Алмосбек гузоштаанд. Ҳамномаш — раисҷумҳур Отамбоев на танҳо барояш хона харида, балки мебел низ ҳадя кардааст. Калиди ин хонаро ба муҳоҷирон муовини раиси Дастгоҳи раисҷумҳури Қирғизистон Муҳаммадқолӣ Абулғозиев тақдим кард.

Этнические кыргызы - Sputnik Тоҷикистон
Бозгашти қирғизҳои Помир ба зодгоҳи таърихиашон

Ҳамчунин падари ин ҳамноми раисҷумҳур — Абдубаит Жээнбеков аз Алмосбек Отамбоев барои ҳар кадоме аз панҷ фарзандаш 50 ҳазор сомӣ сармоя низ дарёфт кард. Намояндаи давлати Қиғизистон дар вилояти Норин Амонбой Ғойибов ҳам барои навзод пӯшоку пӯшак харидааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки як моҳ пеш 33 қирғиз аз чарогоҳҳои Помири Калон ва Помири Хурд дар Афғонистон ба вилояти Норин кӯчида буданд. Дар миёни ин муҳоҷирон 17 кӯдаку наврас низ ҳаст, ки аз ин пас дар дабиристонҳои Қирғизистон донишомӯзӣ хоҳанд кард.

Ин муҳоҷирон, ки дар Помир дар баландии 4200 то 4500 метр аз сатҳи дарё зиндагӣ ба сар мебурданд, акнун бояд бо обу ҳавои Норин созгор шаванд. Дар ин раванд онҳоро пизишкони бемористони вилояти Норин ёриву дастгирӣ хоҳанд кард.    

Лентаи хабарҳо
0