Эълони номи беҳтарин омӯзгорони шаҳри Хуҷанд

© SputnikПервоклассники в школе №16 города Душанбе
Первоклассники в школе №16 города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни "Муаллими сол" баргузор ва ҷамъбаст шуд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд беҳтарин омӯзгорон муайян шуданд.

Ҳамин тавр мақоми аввал ва дипломи дараҷаи якум насиби омӯзгори фанни технологияи иттилоотии мактаби хусусии Пулотов-Адолат Ҳайдарова гардид. Ҷойи дуюмро Саноат Тиллохӯҷаева (МТМУ №20) ва Муқаддас Алиева (МТМУ№11) гирифтанд. Маҳина Раҳимова (МТМУ№31) ва Фаридун Қосимов (МТМУ №2) сазовори мақоми сеюм гардиданд.

Первоклассники в школе №16 города Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон
Мо барои роҳбари синфамон 10 дирамӣ ҷамъ кардем...

Манбаъ меафзояд, ки ба ғолибони даври шаҳрии озмуни "Муаллими сол" ва ҳамаи иштирокчиён дар вазъияти тантанавӣ диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар озмун 29 омӯзгорони шаҳр ширкат варзиданд ва ҳашт нафари онҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта буданд.

Гуфта мешавад, ки ки ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти омӯзгорони эҷодкору навовар, баланд бардоштани дониши касбӣ, сайқал додани маҳорати омӯзгорӣ, тарғиби ҳамаҷонибаи таҷрибаи педагогии омӯзгороне мебошад, ки дар таълиму тарбияи шогирдон ба натиҷаҳои хуб ноил гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0