ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Ориф Файзуллоеви 28-сола пас аз се соли муҳоҷирати корӣ хост ба Тоҷикистон бар гардад. Аммо ӯ низ рӯзи 2-уми ноябр ҳамроҳи 114 муҳоҷири дигар, бо далел вайрон кардани қонуни муҳоҷиратии Русия аз қатори Маскав — Душанбе берун карда шуд. Ҳоло ин ҷавони тоҷик намедонад аз куҷо пул пайдо карда дубора билет гираду ба Ватан бар гардад. Аммо ӯ ғами дигаронро ҳам мехӯрад, ки ҳамроҳи вай ночор мондаанд.
Ориф 3 сол дар Русия буд. Ба гуфтаи худаш, ҳангоми ба Маскав омадан, барои гирифтани патент ҳуҷҷат супорид. Аммо дар муҳлати муайяншуда маблағи иҷозатномаро пардохт карда натавонисту патенташ "сӯхт". Ӯ мегӯяд бо кумаки дӯстонаш каму беш пул ба даст овардаву мехост ба Тоҷикистон равад.
Ин ҷавони тоҷик аз рӯзи боздошт ва аҳволи муҳоҷиронро дар ин посгоҳи марзӣ суҳбат кард.
Ба гуфтаи вай, ҳамон рӯз ба вагони онҳо ҳам ду корманди пулиси Русия ворид шуда, бо далели надоштани санади шиносоии расмӣ онҳоро аз қатор берун карданд. Ориф афзуд, ки дар кулл шумораи тоҷикони боздоштшуда 166 кас аст.
Ин муҳоҷирон 6 рӯз боз дар Оқсарой — истгоҳе дар ноҳияи Красноярск дар марзи Русияву Қазоқистон буду бош доранд.
Ба гуфтаи Ориф, онҳо дар нахустин рӯзҳои боздошташон ба кормандони мағозаҳои гирду атрофи истгоҳ пул додаву шабро он ҷо рӯз кардаанд. Аммо акнун пулашон ба поён расидаву шабҳо дар кӯчаҳо хоб мераванд.
"Вокзал камобеш 50 касро мегунҷонад. Мо дар он ҷо занону кӯдакону пирамардонро ҷо кардему ҷавонон берун баромадем", — афзуд ӯ.
Замоне ки Ориф бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт ҳоло дар назди додгоҳи ноҳияи Красноярски вилояти Астрахан 40 кас интизори қарори додгоҳ ҳастанд.
"Мо каме пештар дар додгоҳ будем. Интизорем, ки қарори додгоҳро ба даст гирем", — мегӯяд вай.
Ба гуфтаи Ориф, пас аз содир шудани қарори додрас онҳо метавонанд боз билет харида ба Тоҷикистон раванд. Ӯ то кунун ду бор билет харидааст, аммо натавонистааст Оқсаройро тарк кунад.
Муҳоҷирон пул ҷамъ карда, дар навбати аввал занону кӯдакону бузургсолонро ба Тоҷикистон фиристодаанд.
"Мо ҳамроҳи чанд ҷавони дигар — муҳоҷироне, ки дар бозорҳои "Люблино" ва "Садовод" кор мекунанд, ҳарчи пуле, ки доштем, ҷамъ карда беморону занонро ба Тоҷикистон фиристодем", — гуфт ӯ.
Файзуллоев мегӯяд, баъд аз он ки қарори додгоҳро ба даст мегирад ба "хонаашон" — истгоҳи Оқсарой меравад. Вай афзуд, муддати эътибори санаде, ки барои бозгашт ба Тоҷикистон аз консулгарии ҶТ дарёфт карда буд, ба поён расидааст.
"Мо ҳуҷҷати додгоҳро гирифтем, лекин муддати эътибори ҳуҷҷати муваққатии ман ба поён расид. Намедонам, чӣ кор кунам", — нигаронӣ кард вай.
Ҳама умедаш ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва мардони саховатпеша аст.
"Ба мо гуфтанд, ки кормандони Сафорат ин ҷо омадаанд. Умед дорам, ки онҳо дар дуруст кардани санадҳо ба мо кумак мекунанд", — таъкид кард вай.
Ориф Файзуллоев дар мусоҳиба аз тоҷикистониён ва шахсони доро кӯмак хост.
"Мо муҳоҷироне, ки дар ин ҷо дар мондаем, аз тоҷикистониён хоҳиш мекунем, ки барои расидан ба Тоҷикистон ба мо кумак кунанд. Мо на аз ҷониби Русия ва на аз ҷониби Тоҷикистон гилае надорем. Ҳамааш аз тақдиру насиб аст. Аммо хоҳиш мекунем, ки барои бар гаштани мо ба Ватан кумак кунанд. То имрӯз мо ба якдигар кӯмак кардем, аммо ҳоло дар дасти касе аз мо пуле намондааст. Ҳатто наметавонем бо наздиконамон тамос гирем, то бароямон пул бифристанд", — гуфт вай.
"Бархе аз боздоштшудагон бояд дар рӯзҳои наздик дар Ватан хонадор шаванд ва рӯзи никоҳашон маълум аст. Аммо чӣ илоҷ ки ин ҷо дар фироқи Ваитан, модар ва фарзанду ҳамсарон мондаем", — афзуд бо ҳасрат ӯ.
Ёдовар мешавем, чанде пеш зиёда аз 150 муҳоҷири тоҷик дар истгоҳи "Аксарайская" дар марзи Русияву Қазоқистон боздошт шуданд. Сафорати Тоҷикистон гуфт, ҷиҳати ҳар чӣ зудтар бартараф кардани ин мушкилӣ ба мақомтҳои дахлдори Русия муроҷиат кардааст. Ҳамчунин, хабар дода шуд, ки кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Вазорати кор барои кӯмак ба муҳоҷирон ба Оқсарой равон шудаанд.