Автобусҳо ҳаводорони футболро ба бозии Тоҷикистону Узбакистон ройгон мебаранд

CC0 / Stocksnap / В салоне автобуса, архивное фото
В салоне автобуса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар варзишгоҳи Ҳисор тимҳои миллии ҷавонони Тоҷикистон ва Узбакистон дар чорчӯбаи даври муқаддамотии Ҷоми Осиё-2018 рақобат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, автобусҳо ҳаводорони футболро ройгон ба варзишгоҳ ва баъди бозӣ дубора ба Душанбе мерасонанд. Автобусҳо дар сотаи 15:00 аз назди Кохи тенниси Душанбе ҳаракат хоҳанд кард. Даромад ба варзишгоҳ низ ройгон мебошад.

Қабл аз бозиҳои поёнӣ дар гурӯҳ тими миллии ҷавонони Узбакистон бо 9 имтиёз сари ҷадвал мебошанд. Тоҷикистон бо 7 имтиёз дар паллаи дуввум ва Бангладеш бо 4 имтиёз дар паллаи савум қарор дорад. Тоҷикистон барои гузаштан ба даври дигар бояд дар ин бозӣ пирӯз шавад. Сабқат соати 17:00 сар мешавад.

Ба мусобиқаи футболи Ҷоми осиё-2018 дар миёни футболбозони то 19-сола, ки соли оянда дар Индонезия баргузор хоҳад шуд, ғолибони 10 гурӯҳи муқаддимотӣ ва 5 тими миллӣ, ки бо натиҷаҳои беҳтарин паллаи дувумро дарёфт мекунанд, роҳ хоҳанд ёфт.

Лентаи хабарҳо
0