ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф имрӯз субҳ ба пойтахти Тоҷикистон расид.
Ба гузориши хабаргузории эронии "Форс", Муҳаммадҷавод Зарифро ба даъвати расмии мақомоти Тоҷикистон ба Душанбе сафар кардааст. Дар ин сафар ӯро вазири нерӯ Ризо Ардакониён ва дигар масъулон ҳамроҳӣ мекунанд.
Сухангӯи ВУХ Эрон Баҳром Қосимӣ дар ин бора гуфт, ки қарор аст Муҳаммадҷавод Зариф бо мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, дидор кунад ва дар маросими бозкушоии сохтмони нави Сафорати Эрон дар Душанбе ширкат кунад.
Вазири умури хориҷаи Эрон фардо аз Тоҷикистон ба Узбакистон хоҳад рафт. Вай дар Узбакистон афзун бар дидору гуфтугӯ бо мақомоти он кишвар, дар Ҳамоиши байналмилалии амнияту тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард.
Дар ин ҳамоиш, ки 10 ноябр дар Самарқанд баргузор мешавад, мақомоту шахсиятҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ҳузур хоҳанд дошт.
Муҳаммадҷавод Зариф нахустин мақоми баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки дар паи сард шудани равобити Душанбеву Теҳрон дар ду соли ахир аз Тоҷикистон дидан кардааст.
Вопасин тамосе, ки мақомоти баландпояи ду кишвар доштаанд, паёмҳои табрике буд, ки руасои ду ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Руҳонӣ ба муносибати иди Қурбон ба якдигар ирсол кардаанд.