Фалокат: 24 муҳоҷири тоҷик дар роҳи бозгашт аз Русия ба сонеҳа дучор шуданд

© Sputnik / Стас ЭтвешДорожные сигнальные конусы, архивное фото
Дорожные сигнальные конусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар қитъае аз роҳи Ӯш - Бишкек 5 тан захмӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Хабаргузории Turmush — бахше аз бунгоҳи хабарии АКИpress, аз қавли Идораи пулиси вилояти Ӯш хабар медиҳад, ки 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳи бозгашт аз Русия дар Қирғизистон дучори сонеҳа шудаанд.

Бино бар иттилоъи манбаъ, ин сонеҳа 7-уми ноябр, наздикиҳои соати 07:00 дар ҳудуди деҳаи Ӯтуз-Адир аз рустоҳои ноҳияи Қарасу дар 15-умин килуметри бузургроҳи Ӯш — Бишкек рух додааст.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи бархӯрди худрави "Ниссан Алмера" бо микроавтобуси "Мерседес Бенз Спринтер" 5 тан захмӣ шудаву ҳама ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар микроавтобус 24 шаҳрванди Тоҷикистон савор буданд, ки аз Русия ба зодбумашон бар мегаштаанд.

Лентаи хабарҳо
0