Ҳадяи бебаҳо: Рамазон Қодиров асперо ҳадя гирифта, ки дар гарданаш "Аллоҳ" навишта шудааст

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкГлава Чечни Рамзан Кадыров, архивное фото
Глава Чечни Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рамазон Қодиров гуфта, ки ин асп барояш бебоҳост, аммо на аз он рӯ, ки беҳнажод аст, балки аз он рӯ, ки дар гарданаш холгунае модарзод дорад, ки "Аллоҳ" хонда мешавад

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Роҳбари Чеченистон дар сафҳааш дар Instagram навишта, ки аз Болот Омуралиев ном ҷавоне аз Қирғизистон аспе ҳадя гирифтааст, ки барояш бисёр азиз аст.

"Ин ҳадяи бебаҳоро Болот Омуралиев аз Қирғизистон бароям ҳадя кард. Ин асп аз нажоди аспҳои чаҳоргоматози амрикоӣ аст, ки дар Қирғизистон зодаву парварда шудааст. Аммо ин асп на барои беҳнажодиву хуштозияш бебаҳост. Ман онро аз ҳаргуна аспҳои беҳнажоду дорандаи ҷоизаҳои мусобиқаҳои ҷаҳонии аспдавонӣ азизтар мешуморам. Болот дар гардани асп холи модарзодеро дида, ки монанд ба номи Худованд аст", — навиштааст роҳбари Чеченистон.

Қадиров таъкид кардааст, ки "ин ҳадяро бо сипоси бепоён ҳамчун туҳфа ба мардуми чеченӣ пазируфтааст".

"Барои асп беҳтарин шароитро фароҳам оварда ва онро чунон ки бояду шояд парвариш хоҳанд кард", — навиштааст вай.

 

Лентаи хабарҳо
0