Ронандаи худрави тамғаи BMW аз ӯҳдаи идораи автомобил баромада натавонистааст, ки дар натиҷа мошин аз роҳ берун шуда, ба дарахте бармехӯрад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар пайи ҳодисаи нохуш ду тан дар ҷойи ҳодиса кушта шуда, ду мусофири дигар дар беморхона вафот кардаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон дар роҳи Ӯш — Бишкек ба сонеҳа дучор шудаанд. Дар натиҷа 5 шаҳрванди кишвар захмӣ шудааст.