Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ва устондори Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар маросиме бошукӯҳ Боғи устод Садриддин Айниро бозкушоӣ ва руҳашро бо дуъо шод карданд.
Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз тандиси Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар даромадгоҳи боғ пардаро бардошт. Ин тандисро арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев сохтааст. Дар пои ин тандис бо ширкати шоири номии Тоҷикистон Фарзона маҳфили шеър баргузор шуд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон, Рустам Эмомалӣ, Абдураҳмон Қодирӣ ва ҳамроҳонашон дар назди оромгоҳи устод Айнӣ дуъо хонданд.
Расиҷумҳур дар суханроние, ки дар ин маросим кард, аз ҷумла гуфт: "Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт".
Дар раванди бозсозии боғ мақбара ва тандиси устод Айнӣ, сохтмони Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳое бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар созаҳои ёрирасон бунёд шуда, лӯлаҳои обрасонӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ шудаанд.
Боғи устод Айнӣ ду даромадгоҳ — асосӣ ва ҷанубӣ дорад. Ороиш ва нақшу нигори даромадгоҳҳои боғ, сутунпояҳои бошукуҳу мунаққаш бо ҳунари баланди меъмории миллӣ бунёд шудааст.
Инҷо барои баргузории барномаҳои консертӣ, маҳфилҳои ҳунариву эҷодӣ ва ғайра Амфитеатр сохта шуда, ки 2 540 метри мураббаъ масоҳат ва 1600 сандалӣ ва дигар созаҳои ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои кории ҳунармандон, қаҳвахона ва бозигоҳ барои кӯдакон дорад.
Боғи устод Айнӣ бо сармоягузории ҳукумати вилояти Суғд ва ҳамкории коршиносони сохтусози он вилоят ва шаҳри Душанбе бозсозӣ шудааст.