ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Имрӯз дар кӯчаи Бобо Ҳамдам, ки маҳаллаи Зарафшон ҷой дорад, сохтмони 9-ошёна барои кормандони додситонии Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ расид.
Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, маросими пардабардорӣ аз ин сохтмон бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, додситони кулли ҶТ Юсуф Раҳмон ва бархе аз намояндагони давлату сохторҳои додгустарӣ баргузор шуд.
Эмомалӣ Раҳмон бархе аз хонаҳо дар ин сохтмонро диду калидашонро ба соҳибонашон тақдим кард. Вай аз кормандони додситонӣ даъват кард, ки хидмат халқу Ватанро беҳтар аз пештар анҷом диҳанд.
Ин сохтмон 54 кошона, аз ҷумла 18 кошонаи сеутоқӣ, 18 кошонаи дуутоқӣ ва 18 кошонаи якутоқӣ дорад, ки ҳар кадоме аз 57 то 83 метри мураббаъ масоҳат доранд.
Ин сохтмонро Пажӯҳишгоҳи тарроҳии "САНИИОСП" тарроҳӣ карда ва ширкати сохтусозии "Иморатсоз" сохта аст. Он дорои таваққуфгоҳ бо масоҳати умумии 590 метри мураббаъ ва майдонча барои бозии бачаҳо бо масоҳати умумии 255 метри мураббаъ мебошад.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчунин аз сохтмони нави Раёсати бозҷӯии ҷиноии ВУД ҶТ дар шаҳри Душанбе парда бардошт.
Ин сохтмон дар хиёбони Фотеҳ Ниёзӣ ҷойгир шуда 5 ошёна, 60 утоқи корӣ, як толори маҷлис барои 150 кас, хобгоҳ барои 30 афсар, толори варзишӣ, ошпазхона ва дигар сохтмонҳои ёрирасон дорад.
Дар маросими пардабардорӣ аз сохтмони нав ҳамчунин вазири умури дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Сайидмуъмин Ятимов, шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ва дигар масъулини давлатӣ, низомӣ ва интизомӣ ширкат карданд.