Давлатманд Холов дар Урупо фалаксароӣ хоҳад кард

© Sputnik / Умед ҶайҳонӣДавлатманд Холов ва гурӯҳи "Фалак" дар Маскав
Давлатманд Холов ва гурӯҳи Фалак дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давлатманд Холов ва гурӯҳи "Фалак" дар нахустин Ҷашнвораи ҳунари форсизабонони Урупо ҳунарнамоӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Мусиқидон, навозанда ва фалаксарои номдори тоҷик Давлатманд Холов дар бахше аз барномаҳои нахустин Ҷашнвораи ҳунарии форсизабони Урупо ҳунарнамоӣ хоҳад кард .

Ба гузориши хабаргузории эронии "Форс", нахустин Ҷашнвораи ҳунарии форсизабонони Урупо ба ҳиммати Анҷумани фарҳангӣ-ҳунарии "Персиана" моҳи январи 2018 дар шаҳри Порис — пойтахти Фаронса баргузор мешавад.

Сцена, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Давлатманд Холов бо овозхонони Белгия дар Душанбе ҳунарнамоӣ кард

Дар ин ҷашнвора ҳамчунин Ҳумоюн Шаҷариён, писари маъруфтарин овозхони эронӣ Муҳаммадризо Шаҷариён бо гурӯҳаш "Симурғ" ва гурӯҳе низ аз Афғонистон ширкат хоҳанд кард.

Давлатманд Холов чанде пеш нишони тиллоии кишвари Фаронсаро аз Жак Ширак, раисҷумҳури пешини он кишвар дарёфт карда буд.

То кунун чанд албом аз гузидаи осори вай дар Эрон низ мунташир шудааст.

Лентаи хабарҳо
0