Тоҷикистон ҷойгоҳи худро дар радабандии Бонки ҷаҳонӣ беҳтар кард

© Flickr \ Ken TeegardinКривая роста
Кривая роста - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар охирин радабандии Doing Business дар миёни 190 кишвар 123-умин ҷойгоҳро ба даст овардааст

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ҷойгоҳи худро дар панҷ бахши радабандии байналмилалии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Doing Business беҳбуд бахшидааст.

Бино ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар охирин радабандии Doing Business дар миёни 190 кишвар 123-вумин ҷойгоҳро ба даст овардааст.

Плакат Эмомали Рахмона в Таджикикстане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки Ҷаҳонӣ: Тоҷикистон аз натиҷаи дилхоҳ дар фақрзудоӣ ҳануз дур аст

Бонки ҷаҳонӣ беҳбуди ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар 5 бахш аз 10 нишондиҳанда муайян кардааст. Чунончи, кишвар дар бахши сабти ширкату корхонаҳо 28 зина, дарёфти парвонаи сохтусоз — 26 зина, молиётбандӣ — 8 зина, сабти дороиҳо — 7 зина ва пайвастан ба системи барқрасонӣ — 2 зина боло рафтааст.

Аммо ҷойгоҳи Тоҷикистон дар 4 нишондиҳанда каме поин рафтааст. Чунончи, Тоҷикистон дар бахши пуштибонӣ аз саҳомдорони ақаллиятӣ 6 зина, дар бахши бозаргонии байналмилалӣ — 5 зина, дарёфти эътибор ва тавони пардохт ёфтан — низ 4 зина фурӯ омадааст.

Дар бахши "таъмини иҷрои қарордодҳо" Тоҷикистон чун дар радабандии пешин дар зинаи 54-ум қарор дорад.

Дар ин радабандии Doing Business аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин ҷойгоҳро Қазоқистон дорад, ки 36-ум зина қарор дорад. Узбакистон дар 74-умин ҷойгоҳ ва Қирғизистон дар 77-умин ҷойгоҳ ҷой гирифтаанд. Аз Туркманистон дар ин радабандӣ иттилоъе нест.

Дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ болотарин ҷойгоҳро Гурҷистон касб карда, ки дар 9-умин зина ҷой дорад. Аз дигар кишварҳо Эстония — 12-умин, Литва — 16-умин, Латвия — 19-умин ва Русия — 35-умин ҷойгоҳро гирифтаанд. Аз ин миён Тоҷикистон дар поинтарин ҷойгоҳ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0