ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сол пеш аз ин — 6-уми ноябри соли 1994 дар паи ҳамапурсӣ пазируфта шуда буд.
Олитарин санади ҳуқуқии Тоҷикистон дар мушкилтарин даврон ва сахттарин шароит — дар замони ҷанги шаҳрвандӣ омода ва пазируфта шуда буд. Барои омодасозии пешнависи Қонуни асосии Тоҷикистон ду коргурӯҳ — яке дар августи соли 1990 ва дигаре дар феврали 1992 таъсис дода шуда буданд. Дар апрели соли 1992 пешнависе, ки коргурӯҳи дувум ба раҳбарии Додистони кулли ҶТ Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев омода карда буд, дар рӯзномаву ҳафтаномаҳо мунташир шуд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар маи 1992 оғоз ёфт, баҳсу баррасиҳоро то соли 1993 пас андохт.
Дар июни соли 1993 Шурои Олии Тоҷикистон ҳайъати Коргурӯҳи омодасозии матни нави Қонуни асосиро тасвиб кард. Раёсати ин коргурӯҳро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда гирифт, ки он замон раиси Шурои Олии ҶТ буд. Ин коргурӯҳ 65 тан аз давлатмардон, сиёсатмадорон, намояндагони ҳама мантиқу ҳизбҳову созмонҳои сиёсӣ ва мардумниҳоди кишварро дар бар гирифт.
Дар ноябри соли 1993 Раёсати Шурои Олии ҶТ бо қароре коргурӯҳи 11-нафара барои омодасозии пешнависи Қонуни асосӣ ташкил дод. Раҳбарии ин коргурӯҳро муовини раиси ШО ҶТ Абдулмаҷид Достиев ба уҳда дошт.
Ин коргурӯҳ кӯшиш кард бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои иҷтимоъиву иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, миллӣ ва торихии Тоҷикистон пешнависе омода кунад.
Дар соли 1994 ду пешнавис ба Кумисюни Қонуни асосӣ пешниҳод шуданд, ки он пас аз баррасӣ яке аз онҳоро барои пазириш тасвиб кард. Саранҷом, 6-уми ноябри соли 1994 ҳамапурсии Қонуни асосӣ баргузор шуд ва Тоҷикистон Қонуни асосии худро пазируфт.
Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин 23 сол борҳо ислоҳ карда шудааст. Чунончи, бино бар ислоҳоте, ки дар соли 1999 ворид карда шуданд, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду бахш — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷудо шуд, бунёду номнависии ҳизбҳои сиёсӣ муҷоз гардид ва муддати замони раёсати ҷумҳурӣ низ аз ду давраи 5-сола то ба як давраи 7-сола кӯтоҳ карда шуд.
Аммо бар асоси 56 ислоҳияе, ки дар соли 2003 дар Қонуни асосии ҶТ ворид карда шуданд, як давраи ҳафтсолаи раёсатҷумҳурӣ ба ду давраи 7-сола мубаддал шуд.
Дар паи ислоҳоте, ки соли 2016 ворид шуд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун "пешвои миллат" ҳаққ ба даст овард, ки ба таври номаҳдуд номзадиашро ба мақоми раисҷумҳур пешниҳод кунад. Ҳамчунин синну соли номзад ба мақоми раисҷумҳурӣ низ аз 35 солӣ, ки пештар буд, ба 30 сол ислоҳ шуд. Ҳадаф аз ин ислоҳро ҳарчанд роҳ кушодан ба ҷавонон гуфтанд, вале коршиносон ҳадафи ниҳонии онро ҳамвор кардани роҳи фарзанди раисҷумҳур барои ширкат дар интихобот гуфтанд. Яке дигар аз ислоҳоти муҳим дар Қонуни асосӣ манъи фаъолияти ҳизбҳои динӣ дар Тоҷикистон аст.