Ваъдаи ВУХ Русия барои озод кардани муҳоҷирони тоҷики дастгиршуда

© Sputnik / Марина Маковецкая / Гузариш ба медиабонкТрудовые мигранты. Архивное фото
Трудовые мигранты. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҷумъа дар истгоҳи "Аксарайская" беш аз 100 муҳоҷири тоҷик, ки тавассути қатор аз Маскав ба Душанбе раҳсипор буданд, боздошт гардиданд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik.  Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин росто барои ҳалли ин қазия ба Вазорати умури хориҷии Русия муроҷиат кардааст. Дар ин бора намояндаи сафорат ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Пештар хабар дода шуд, ки рӯзи ҷумъа дар истгоҳи "Аксарайская", дар сарҳади Русияву Қазоқистон  беш аз 100 муҳоҷири тоҷик, ки тавассути қатор аз Маскав ба Душанбе раҳсипор буданд, аз ҷониби сарҳадбонони рус боздошт шуданд.

Чуноне аз сафорат хабар доданд, беш аз 115 муҳоҷири тоҷик дар ин истгоҳ аз қатор берун карда шудааст.

"Замоне, ки мо аз ин қазия огоҳ шудем, даррав дар паи фаҳмидани далели берун кардани муҳоҷирони тоҷик шудем", — гуфт намояндаи сафорат.

Поезд Москва-Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сарҳадбонони рус зиёда аз 100 муҳоҷири тоҷикро аз қатор берун карданд

Ба гуфти манбаъ, сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин росто аллакай бо Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтушунид доштааст.

"Чуноне ҷониби Русия ба мо хабар дод, ҳуҷҷатҳои аксари муҳоҷирон сохта будаанд, аз ҷумла шаҳодатномаи боозгашт ба Ватан, (ин ҳуҷҷат шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон буда, танҳо ба хотири бозгашт ба Ватан ба муҳлати 60 рӯз аз ҷониби намояндагиҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ дода мешавад),"-гуфт манбаъ.

Ҳамчунин муайян шуда, ки бархе аз муҳоҷирони тоҷик бо шиносномаҳояшон мушкилӣ доштаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҷониби Русия хоҳиш карда, ки муҳоҷҷиронро дар шароити хуб нигоҳ доранд.

"Ба мо ваъда доданд, ки ҳамаи боздоштшудагонро ба наздикӣ озод мекунанд", — гуфт намояндаи сафорати ҶТ дар ФР.

Лентаи хабарҳо
0